Ссылки доступа

Девони вазирони Қирғизистон маблағгузорӣ ба марказҳои буҳрониро афзуд


Девони вазирони Қирғизистон тасмим гирифтааст, дар соли оянда маблағгузорӣ ба марказҳои буҳронӣ барои занонро бештар кунад.

Дар ин бора Эдил Байсалов, муовини раиси девони вазирони Қирғизистон хабар дод.

Байсалов гуфт, дар соли 2021 ба ин гуна марказҳо 7 млн сом ҷудо шуда буд. Дар соли 2022 барои марказҳои буҳронӣ 20 млн сом ҷудо хоҳад шуд.

Вай афзуд, болоравии омори хушунати хонаводагӣ дар Қирғизистон мушоҳида мешавад. Мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон аз оғози соли 2021 7 ҳазору 316 санади муҳофизати муваққатӣ содир кардаанд. Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 179 ҳолат бештар аст.

Ба иттилои мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон, дар соли 2020 дар он кишвар 9 ҳазору 25 ҳолати хушунати хонаводагӣ сабт шудааст, ки аз маҷмуи он ҳолатҳо танҳо 947 ҳолат ба додгоҳ расидааст. Аз ибтидои соли ҷорӣ дар Қирғизистон 7 ҳазору 665 ҳолати хушунати хонаводагӣ сабт гардидааст.

Бино ба баҳогузории Шохиси сулҳу амният барои занон, Қирғизистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарноктарин кишвар барои занон унвон шудааст. Аз миёни 170 кишвар дар шохиси мазкур Қирғизистон дар мақоми 97 қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG