Ссылки доступа

Лаҳистон: Turkish Airlines шаҳрвандони Ироқу Сурияро ба Белорус намебарад


Бузургтарин ширкати ҳавопаймоии туркӣ Turkish Airlines ба парвозҳои Мински Белорус шаҳрвандони Ироқ, Сурия ва Яманро иҷоза намедиҳад.

Дар ин бора Якуб Кумох, намояндаи дастгоҳи президенти Лаҳистон хабар дод.

Шаҳрвандони ин кишвар бештарини муҳоҷиронеро ташкил медиҳанд, ки дар марзи Белорус бо Лаҳистон ҷамъ шудаанд. Дар рӯзҳои охир вазъ дар марзи Белорус бо Лаҳистон бад шудааст.

Расонаҳои лаҳистонӣ пешбар аз ин бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки Иттиҳоди Аврупо бо намояндагони кишварҳои берун аз Иттиҳод, аз ҷумла Туркия, роҳҳои пешгирӣ аз мавҷи муҳоҷирон тариқи Минскро баррасӣ кардааст.

Ширкати туркӣ ҳоло расман маҳдудияти парвоз барои шаҳрвандони Ироқу Сурияро шарҳ надодааст.

Пештар аз ин расонаҳо хабар доданд, ки Мақомоти Иттиҳоди Аврупо имкони ҷорӣ кардани таҳримҳо нисбати ширкати ҳавопаймоии "Аэрофлот"-и Русияро баррасӣ доранд.

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ин ширкат дар доман задани буҳрони муҳоҷират дар марзи Белорус бо Лаҳистон даст дорад. Дар бораи эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримҳо нисбати "Аэрофлот" хабаргузории "Bloomberg" иттилоъ медиҳад.

Ҳамсуҳбатони хабаргузорӣ гуфтаанд, мумкин аст, нисбати шахсони воқеӣ ва ширкат, ки дар интиқоли муҳоҷирон ба марзҳои Иттиҳоди Аврупо даст доранд, таҳрим ҷорӣ карда шавад. Ин эҳтимол ҳам мавҷуд аст, ки нисбати ширкати туркии "Turkish Airlines" таҳрим ҷорӣ шавад. Иттиҳоди Аврупо метавонад, дар ибтидои моҳи декабр таҳримҳояшро эълом кунад, хабар медиҳад "Bloomberg".

Ҷорӣ кардани таҳримҳоро нисбати ин ду ширкати ҳавопаймоӣ пештар аз ин президенти ИМА Ҷо Байден бо раиси Комисияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен баррасӣ карда буд.

Вазъ дар марзи Белорус бо Лаҳистон рӯзи душанбеи 8 ноябр якбора бад шуд. Он замон чанд ҳазор муҳоҷир ба марзи Лаҳистон наздик омада, талоши ворид шудан ба он кишварро карданд. Марзбонон ва низомиён монеи вуруди муҳоҷирон шуданд.

Белорус Лаҳистонро дар муносибати ғайриинсонӣ нисбати муҳоҷирон айбдор кард. Иттиҳоди Аврупо режми Лукашенкоро дар бадсозии буҳрони муҳоҷират айбдор донист.

XS
SM
MD
LG