Ссылки доступа

Коргарони ширкати "Аралтуз"-и Қазоқистон мегӯянд, баъди корпартоӣ онҳоро аз кор меронанд


Коргарони ширкати "Аралтуз" дар вилояти Қизилордини Қазоқистон, ки дар натиҷаи корпартоии моҳи сентябри соли ҷорӣ маошашон афзуда шуд, ҳоло шикоят доранд, баъди он корпатоӣ корфармо марҳила ба марҳила пешқадамони корпартоиро аз кор меронад.

Оқилҷон Киилбоев, ки дар ин ширкат солҳои тӯлонӣ фаъолият дошт, гуфт, роҳбарияти ширкат бидуни сабабе шартномаро бо вай бекор кардааст.

Ба вай санадеро додаанд, ки дар он омадааст, "шартномаи корӣ бо шумо рӯзи 18 ноябр бидуни тамдид ва ё барқарорсозӣ бекор карда мешавад".

Киилбоев ин амалро ба ширкати фаъолаш дар корпартоии моҳи сентябри соли ҷорӣ бо талаби афзоиши маош рабт медиҳад.

Чанд коргари дигари ширкати "Аралтуз" низ аз ин шеваи аз кор рондан шикоят доранд.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ бештар аз ҳазор коргари ширкати "Аралтуз" талаби маоши бештар, ҳадди ақал афзудани 50 дарсади онро талаб карданд. Баъди 10 рӯзи корпартоии коргарон роҳбарияти ширкат розӣ шуд, ки талаби онҳоро иҷро кунад.

XS
SM
MD
LG