Ссылки доступа

Додгоҳи Аврупо шикояти шаҳрвандони Узбекистону Қазоқистонро нисбати корфармои рус баррасӣ мекунад


Додгоҳи Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон дар Страсбург шикояти шаҳрвандони Қазоқистону Узбекистонро баррасӣ мекунад.

Чанд зан аз Қазоқистону Узбекистон шикоят доранд, ки як корфармои рус дар ноҳияи Голяновои Москва онҳоро ба ғуломӣ гирифта буд.

Додгоҳи Аврупо гуфт, ду шикояти панҷ ҷабрдидаро муштаракан баррасӣ мекунад. Нахустин шикоят дар соли 2016 аз сӯи шаҳрвандони Узбекистон Гулжанар Назанова ва Боқия Қосимова, шикояти дувум аз сӯи Фотима ва Алӣ Мусобоевҳо, шаҳрвандони Қазоқистон бурда шуда буд. Шикояти дувум дар соли 2018 аз сӯи шаҳрванди Қазоқистон Насибелӣ Иброҳимова навишта шуд.

Аз ҳуқуқи ин занҳо дар додгоҳ вакилони мудофеи маркази ҳуқуқи инсони "Мемориал" дар якҷоягӣ бо кумитаи "Ҳамкории шаҳрвандӣ" ҳимоят мекунанд.

Мағозаҳои ғизо, ки шаҳрвандони хориҷиро дар онҳо ҳамчун ғулом кор мефармуданд, дар кӯчаҳои Урал, Парковая ва Новосибири ноҳияи Голянов қарор доштанд.

Ба иттилои кумитаи "Ҳамкории шаҳрвандӣ", тоҷир ҳуҷҷатҳои занонро гирифта, онҳоро ҳамчун коргар сабти ном накарда ва ба онҳо маош низ пардохтааст.

XS
SM
MD
LG