Ссылки доступа

Бонки осиёии рушд тарҳи сохтмони роҳи "Алмато-Иссиқкӯл"-ро сармоягузорӣ мекунад


Бонки осиёии рушди (БОР) тарҳи сохтмони роҳи мошингарди "Алмато - Иссиқкӯл"-ро сармоягузорӣ мекунад.

Дар ин бора дар ҷараёни дидори мақомоти Қирғизистон бо намояндагони БОР рӯзи 13 ноябр хабар дода шуд.

Азиз Аалиев, муовини раиси девони вазирони Қирғизистон гуфт, ин тарҳ аҳамияти зиёд дорад. "Тарҳ, бидуни шубҳа, ба зарфияти сайёҳӣ, тиҷорӣ ва ҳамлу нақли кишвар таъсири мусбат мерасонад", - гуфт Аалиев.

Ба иттилои девони вазирони Қирғизистон, роҳи алтернативие, ки шаҳри Алматои Қазоқистонро бо вилояти Иссиқкӯлӣ Қирғизистон пайвандад, имкон медиҳад, вақт ва арзиши роҳкиро арзон шавад.

Қазоқистон бо Қирғизстон ҳанӯз дар соли 2015 дар мавриди сохтмони роҳи мошингарди Алмато - Иссиқкӯл созиш ҳосил карда буданд.

XS
SM
MD
LG