Ссылки доступа

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амонро бетағйир монд


Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амон, ҳомии маҳкумшудаи муҳоҷирони тоҷикро бетағйир гузошт.

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябр ӯро бо гуноҳи қаллобӣ ба 9 сол зиндон маҳкум кард, вале Иззат Амон ва наздиконаш бозбинии ҳукмро талаб доштанд.

Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, гуфт, Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти онҳоро бе ҳузури падараш рӯзи 16-уми ноябр баррасӣ кард.

"Додрас ҳукмро бетағйир гузошт. Вакили мудофеъ гуфт, ки Додгоҳи Душанбе зерҳимояашро бе далел ба 9 сол зиндон маҳкум кардааст. Дар посух гуфтанд, аз Вазорати корҳои дохилӣ маълумотнома биёред, ки нисбати Иззат Амон парвандаи дигаре кушода шудааст ё не," -- нақл кард Холов.

Мақсад аз пурсиш дар бораи парвандаи нав рӯшан нест. Наздиконаш гуфтанд, ба зидди Иззат Амон ба ҷуз аз парвандаи қаллобӣ иттиҳоми дигаре эълон нашудааст. Талоши мо барои фаҳмидани асли қазия аз Додгоҳи олии Тоҷикистон то ин дам бенатиҷа буд. Дар сурати ба даст омадани иттилоъ онро дар хабар илова хоҳем кард.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми октябри имсол Иззат Амонро зиндонӣ карда, тафсилоти парванда ва ҳукмро нагуфт. Наздиконаш мегӯянд, ӯро барои 232 сомоние, ки ба дасти як даъвогар расонда натавонистанд, аз озодӣ маҳрум намуданд.

Ҷонибдоронаш парванда ва ҳукми Иззат Амонро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG