Ссылки доступа

Ҳукумати Қазоқистон тасмим дорад, ба хоҳишмандон воксини Pfizer-ро фурӯшад


Дар Қазоқистон хоҳишмандон метавонанд, ки воксини Pfizer-ро бихаранд. Дар ин бора вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Тсой рӯзи сешанбе дар ҷаласаи ҳукумати он кишвар хабар дод.

Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин гуфт, пешниҳоди "фурӯши воксини Pfizer-ро дастгирӣ мекунад".

Арзиши воксинзании пулакиро ҳукумати он кишвар ҳанӯз муайян накардааст.

Мақомоти Қазоқистон занони ҳомила, занони дорои кӯдакони ширхора ва наврасони аз 12-сола болор шуруъ аз 12 ноябр воксини истеҳсоли муштараки Олмону ИМА - Pfizer - мезананд. То ин замон 1560 кас дар Қазоқистон воксини Pfizer гирифтааст.

XS
SM
MD
LG