Ссылки доступа

Дар Алмато дубора афви қарздоронро талаб карданд


Як гуруҳ аз бонувон 17 ноябр дар назди бинои Оҷонси танзим ва рушди бозори молиявии Қазоқистон дар шаҳри Алмато ҷамъ шуда, бахшида шудани қарзҳои бонкияшонро талаб карданд.

Бештари ҷамъшудаҳо, ки модарони серфарзанд ва танҳо буданд, гуфтанд, гароншавии нархҳо вазъи молияшонро бад кардааст. Бинобар ин, онҳо аз ҳукумати Қазоқистон даъват карданд, ки хонаводаҳои дорои даромади пастро дар баргардонидани қарзҳояшон дастгирӣ кунад.

Намояндагони оҷонс рӯзи чоршанбе ба назди бонувон баромада, онҳоро ба дохили бино роҳ доданд. Дар бораи рафти гуфтугӯи ҷонибҳо то ҳол маълумоте нашр нашудааст

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон 16 ноябр дар як ҷаласа ба ниҳодҳои дахлдори кишвараш дастур дод, ки барои кӯмак ба қарздорони бонкҳо "бидуни зиён расонидан ба бахши молӣ" чораҷӯӣ шавад.

Ба иттилои вай, айни замон 540 ҳазор қазоқистонӣ натавонистаанд, қарзи бонкро сари вақт пардозанд ва аз бокнҳо 354 миллиард танга қарздор шудаанд. "Бояд, бидуни зарар расонидан ба бахши молӣ, барои кӯмак ба қарздорон чораҷӯӣ шавад", - гуфт ӯ.

Рӯзи 20 сентябр дар Алмато ҳангоми иҷборан аз хона берун кардани як оила панҷ кас кушта шуд. Пулис гуфт, марди 54-солаи аз бонк қарздор аз силоҳ оташ кушод, ки дар натиҷа ду пулис, судиҷрочӣ, соҳиби нави манзил, ки хонаро тариқи музояда харида буд ва як ошнои вай кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG