Ссылки доступа

Шаҳрдори Москва дастур дод, муҳоҷиронро дар сохтмонҳо "бо одамони сифати дигар" иваз кунанд


Сергей Собянин, шаҳрдори Москва ба зердастонаш дастур дод, ки коргарони хориҷӣ дар сохтмонҳои барномаи бозсозиро "бо одамони сифати дигар" иваз кунанд.

Дар ивази муҳоҷирон, Собянин пешниҳод кард, ки бештар сокинони Русия аз минтақаҳои дигари ин кишвар ҷалб шаванд. Аммо, бино ба оморҳо, камбуди неруи корӣ дар саросари Русия мушоҳида мешавад.

"Одамони дорои сифати дигар, бо маоши дигар даркор ҳастанд, на муҳоҷирон, ки айни замон онҳоро зиёд дорем", - гуфт Собянин рӯзи 17 ноябр ҳангоми дидан кардан аз як бинои навсохт дар Москва.

Роҳбари ширкати сохтмонӣ дар ҳузури шаҳрдори Москва гуфт, ки ба сохтмончиён наздики 120-150 ҳазор рубли русӣ маош медиҳад. Собянин таъкид кард, ки "ин маоши сокинони Москва аст, на муҳоҷирон".

Ибтидои моҳи ноябри соли ҷорӣ Андрей Бочкарёв, ноиб-раиси шаҳри Москва гуфта буд, шаҳрдорӣ нақшаи даст кашидан аз муҳоҷирони кориро дар сохтмонҳо таҳия мекунад. Аммо вай афзуда буд, ки ба далели паҳншавии вабои коронавирус дар сохтмонҳои Москва камбуди шадиди неруи корӣ мушоҳида мешавад. Владимир Ефимов, ноиб-раиси дигари шаҳрдори Москва дар моҳи сентябри соли ҷорӣ гуфт, дар шаҳр 200 ҳазор неруи корӣ намерасад.

XS
SM
MD
LG