Ссылки доступа

Додгоҳе дар Туркманистон 20 тоҷирро аз истифодаи интернет манъ кард


Вместо смартфонов предпринимателям раздают старые телефоны без функции доступа в сеть

Додгоҳе дар Туркманистон 20 тоҷирро то соли 2025 аз истифодаи интернет манъ кард. Ин тоҷирон дар истифодаи филтршикан ё VPN айбдор шуданд ва чунин ҳукм гирифтанд.

Дар манзили тоҷирон шабакаи интернет қатъ, интернети мобилии пайвандони онҳо хомӯш ва телефонҳои ҳушманди худи тоҷирон аз сӯи мақомот мусодира шудааст. Дар иваз ба тоҷирон телефонҳое додаанд, ки аслан бо онҳо намешавад, интернет истифода кард.

Мақомоти Туркманистон назорати интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро сахттар кардаанд. Ин дар ҳолест, ки мухолифони ҳукумати Туркманистон дар хориҷ аз он кишвар танқидҳоро бештар кардаанд. Ҳукумати Туркманистон дар вокуниш ба танқиди мухолифон дар саросари кишвар суръати интернетро суст карда, аз омӯзгорон забонхат гирифтааст, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ намедароянд.

XS
SM
MD
LG