Ссылки доступа

Сокинони норозии Бишкек аз хомушшавии барқ роҳи мошингардро бастанд


Сокинони деҳаи Тендик ва биноҳои навсохти Олтин-Казик дар канораи шаҳри Бишкеки Қирғизистон, бо нишони эътироз аз қатъшавии неруи барқ, роҳи мошингардро бастанд.

Ба иттилои мақомот, роҳбандӣ соати 18:00 дақиқаи рӯзи 17 ноябр сурат гирифтааст.

Кормандони пулис бо сокинон гуфтугӯ ва талош кардаанд, ки роҳро боз кунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимои навори роҳбандии сокинон паҳн шудааст.

XS
SM
MD
LG