Ссылки доступа

СММ: истеҳсоли афюн дар Афғонистон 8% зиёд шудааст


Раёсати СММ дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар гузориши худ, ки 16 ноябр нашр шуд, гуфтааст, истеҳсоли афюн дар Афғонистон соли 2021 назар ба соли гузашта 8 дарсад афзоиш ёфта, ба 6,8 ҳазор тонна расидааст.

Бино ба гузориши созмон, Афғонистон дар ҳоли ҳозир 80 дарсади истеъмолгаронро дар ҷаҳон бо "афюн таъмин мекунад".

Созмон мегӯяд, даромади истеҳсоли афюн дар дохили кишвар дар соли равон аз 1,8 то 2,7 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, фурӯши он ба хориҷ "чандин баробар бештар" маблағ овардааст.

Тибқи гузориши раёсат, нооромии сиёсие, ки баъди сари қудрат омадани гуруҳи Толибон дар Афғонистон ба миён омадааст, ба афзоиши истеҳсоли афюн дар он кишвар сабаб шудааст.

Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки кишоварзони вилояти Қандаҳори он кишвар парвариши афюнро оғоз кардаанд. "Кор нест ва қарзи сокинон зиёд мешавад. Бинобар ин, ҳоло ҳама ба афюн умед бастаанд", - иқтибос овардааст "ToloNews" аз суханони кишоварзи қандаҳорӣ.

XS
SM
MD
LG