Ссылки доступа

Гуруҳе аз сенаторҳои амрикоӣ ба озодии зиндониёни сиёсии Туркманистон даъват карданд


Гуруҳе аз қонунгузорони амрикоӣ аз Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон даъват карданд, ки зиндониёни сиёсиро озод кунад.

Сенаторҳо Дик Дурбин, Патрик Лихи, Шеррод Браун ва узви порлумон Том Малиновский бо ирсоли нома ба Бердимуҳаммадов аз вай хостаанд, ки рӯзноманигор Нургелдӣ Холиқов, пизишк Хурсан Исматуллоев ва фаъоли ҷамъиятӣ Гулгелдӣ Аннаниёзовро аз зиндон озод кунад.

"Туркманистон таҳти роҳбарии шумо барномаҳои бузурге дорад, ки мехоҳад, шомили институтҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тиҷорат шавад ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба иқтисоди худ ҷалб кунад. Ин талошҳо, бидуни шубҳа, таваҷҷуҳ ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар кишвари шуморо ҷалб мекунанд", - навиштаанд сенаторҳо дар номааш, ки рӯзи 16 ноябр онро ирсол карданд.

Бердимуҳаммадов дар соли 2006 сари қудрат омад. Вай дигарандеширо таҳаммул надорад ва Туркманистонро ба инзиво кашидааст.

XS
SM
MD
LG