Ссылки доступа

Бонки миллии Қазоқистон беқурбшавии тангаро шарҳ дод


Бонки миллии Қазоқистон гуфтааст, қурби пули миллии ин кишвар - танга ба иллати вазъи байналмилалӣ ва арзоншавии нафт поин рафтааст.

"Интизорӣ аз оғози зудтари давраи болоравии қурб дар Иёлоти Муттаҳида дар посух ба мизони баланди таваррум алоқамандӣ ба пули миллии кишварҳои рӯ ба рушдро коҳиш дода, омили иловагии беқурбшавии танга гаштааст", - изҳор доштааст Нурҷон Турсунханов, як масъули Бонки миллии Қазоқистон.

Турсунханов афзудааст, ки қурби пули миллии Русия низ дар пайи афзоиши хатарҳои геополитикӣ поин рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, рубли русӣ аз аввали моҳи ноябр дар баробари доллар 3,1 дарсад беқурб шуда, арзиши 1 доллар аз 70,9 то ба 73,1 рубл расидааст.

Қурби расмии як доллари амрикоӣ дар Қазоқистон 19 ноябр ба 431,6 танга расидааст, ки баландтарин нишондод дар нимсоли ахир аст.

Расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, ки саррофиҳои шаҳри Алмато 1 долларро 433-434 танга ба фурӯш гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG