Ссылки доступа

Русия ташхиси ВИЧ-ро барои муҳоҷирон ҳатмӣ мекунад


Шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони корие, ки қасди беш аз 90 рӯз истоданро дар Русия доранд, аз 29 декабри имсол бояд маълумотномаи гирифтор набудан ба вируси норасоии масунияти бадан ва муътодии маводи мухаддир пешниҳод кунанд.

Лоиҳаи қарореро дар ин замина Вазорати умури дохилии Русия таҳия кардааст. Маълумотномаҳо бояд дар давоми 30 рӯзи баъди ба поён расидани муҳлати санадҳои пешин пешниҳод карда шаванд.

Дар Русия 1 октябри соли равон муҳлати моратория ба ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ, ки баҳори соли 2020 ба иллати пандемияи коронавирус ҷорӣ шуда буд, расман ба поён расид. Дертар маълум шуд, ки муҳлати ин сабукиҳо барои муҳоҷирон то 30 декабри соли равон тамдид гаштааст, вале он ба муҳоҷироне дахл дорад, ки дар қайди Хадамоти муҳоҷирати Русия ҳастанд.

Пештар раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин пешниҳод карда буд, ки барои муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамсоя озмоиши ҳатмии ДНК ҷорӣ карда шавад.

Дар Русия зиёда аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва ҳанӯз дақиқ нест, ки талаботи нав барои онҳо чӣ мушкилиҳои навро пеш меорад.

XS
SM
MD
LG