Ссылки доступа

Манобеъ: Бердимуҳаммадов хоҳарзодаашро дар бонк муовини раис таъйин мекунад


Хоҳарзодаи президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро ба мақоми муовини раиси Бонки давлатии фаъолияти иқтисоди хориҷии Туркманистон омода мекунанд.

Як манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи таъйини Шомурод Раҷабови 36-сола ба мақоми мазкур "усулан ҳал шудааст".

Барои Раҷабов дар бинои бонки мазкур утоки навро таъмир ва таҳия кардаанд. Аммо кормандони бонк аз он нигаронанд, ки мумкин аст, хоҳарзодаи президент бисёриҳоро аз мақом барканор кунад.

Шомурод Раҷабов писари Дурдинабот Раҷабова, хоҳари президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аст.

Бино ба иттилои таҳқиқотҳои рӯзноманигорӣ, Шомурод ҳамроҳ бо бародари калонаш Ҳоҷимурод саноати кимиёии Туркманистонро зери назорат доранд. Ин ду бародар дар хориҷ аз Туркманистон ширкат ташкил карда, қисми асосии нуриҳои минералии дар Туркманистон истеҳсолшударо ба хориҷ мебаранд. Рӯзноманигорон ҳамчунин муайян карданд, ки ба тиҷорати бародарон тағои онҳо, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бо имзо кардани қарорҳои зарурӣ, кӯмак кардааст.

XS
SM
MD
LG