Ссылки доступа

Почтаи Туркманистон минбаъд танҳо бо забони туркманӣ қабул мекунад


Дар Туркманистон қонуни наве қабул шуд, ки бар асоси он, расмиёти фиристодани ашё тавассути почта танҳо бо забони туркманӣ анҷом дода мешавад.

"Нишонии шахси фиристонанда ва дастраскунанда дар дохили Туркманистон танҳо бо забони туркманӣ навишта мешавад. Агар шахси дастраскунанда аз хориҷ бошад, нишонии он бо яке аз забонҳои тасдиқ кардаи Иттиҳоди ҷаҳонии почта навишта хоҳад шуд", - иқтибос овардааст расонаи Turkmen.news аз қонуни нави Туркманистон дар бораи почта.

Қонуни пешини ин кишвар дар бораи почта аз соли 2010 забони расмиёти интиқолро танзим намекард ва номаҳое, ки бо забони русӣ қайд мешуданд, ба нишониҳо мерасиданд.

Дар Туркманистон забони туркманӣ забони давлатӣ аст ва мақоми забони русӣ муайян нашудааст. Дар он кишвар танҳо як мактаби русӣ ва дар мактабҳои шаҳри Ишқобод ва марказҳои маъмурии вилоятҳо синфҳои русӣ мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG