Ссылки доступа

Узбекистон мошинҳои зиреҳпӯши Qalqon истеҳсол мекунад


Дар Узбекистон истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯши навъи Qalqon ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора Кумитаи давлатии саноати ҳарбии Узбекистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, мошини зиреҳпӯш "аз сифр" аз сӯи мутахассисони узбекистонӣ коркард ва сохта шудааст.

"Мошин ҳамаи озмоишҳои мақомоти қудратӣ ва дигар сохторҳои давлатиро гузашт", - хабар доданд дар ниҳоди мазкур.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи давлатии саноати ҳарбии Узбекистон 20 майи соли ҷорӣ хабар дод буд, ки дар ин кишвар озмоиши мошини зиреҳпӯши Tarlon шуруъ шудааст.

Мақомоти Узбекистон дар моҳи январи имсол гуфта буданд, ки зиреҳпӯшҳои Qalqon ва Tarlon дар корхонаи нав дар Нурафшон истеҳсол мешаванд. Тарҳи корхонаи истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш 55 миллион доллар харҷ доштааст.

39 миллион доллари ин тарҳ аз сӯи Бонки миллии Узбекистон ва 16 миллион доллари он аз сӯи ширкати Nurafshon-Maxsus-Texnika ҷудо шудааст.

Корхонаи мазкур дар соли аввали фаъолият 100 адад мошини навъи Qalqon ва 100 адад мошини Tarlon истеҳсол хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG