Ссылки доступа

Як афсар дар Қазоқистон дар қисми низомӣ худкушӣ кардааст


Вазорати мудофиаи Қазоқистон хабар дод, ки як афсар дар қисми низомие худкушӣ кардааст.

"Рӯзи 22 ноябри соли ҷорӣ афсар А. худкушӣ кард. Вай номаи пеш аз марг навиштааст", - хабар дод вазорати мудофиаи Қазоқистон.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот шуруъ шудааст.

Хабари худкушии афсар нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Корбарон навиштанд, ки Афсар бо силоҳ худро куштааст. Расонаҳо навиштанд, афсар дар номаи пеш аз маргаш "аз волидон ва фармондеҳонаш бахшиш пурсидааст".

XS
SM
MD
LG