Ссылки доступа

"ҚазАвтоЖол" аз пулаки шудани ҳафт қитъаи роҳ дар Қазоқистон хабар дод


Ҳафт қитъаи роҳ дар шоҳроҳҳои Қазоқистон шуруъ аз 23 ноябр пулакӣ шуданд. Дар ин бора ширкати "ҚазАвтоЖол" хабар дод.

Ин қитъаҳои роҳ дар шоҳроҳи Нурсултон-Павлодар, Капшағай-Талдиқурғон, Тароз-Қайнар, Чимкент-Тароз, Чимкент-Қизилорда, Чимкент-Тошканд, Шучинск-Кокшетау ҷойгир ҳастанд. То ин замон дар шоҳроҳҳои мазкур низоми санҷишӣ ҷорӣ буд.

Тобистони имсол, замоне ки роҳҳои пулакӣ дар низоми санҷишӣ қарор доштанд, ронандагони мошинҳои аз пулакӣ шудани онҳо эътироз карда буданд.

XS
SM
MD
LG