Ссылки доступа

Боздошти як мард бо гумони интиқоли ғайриқонунии беш аз 2 кило тило дар Узбекистон


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Навоии Узбекистон дар шоҳроҳи Самарқанд-Навоӣ мардеро ҳангоми интиқоли беш аз 2,3 кило тило боздошт карданд.

Ба огаҳии Идораи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар Узбекистон, марди боздоштшуда С.Н. ин миқдор тилоро 2,02 миллиард сӯм (ҳудуди $188 ҳазор) харидорӣ карда будааст.

Зидди дастгиршуда бо банди "Харид ва фурӯши ғайриқонунии тило" парванда боз ва тафтишот оғоз шудааст

Пештар хабар дода шуд, ки чаҳор мард ҳангоми ҷустуҷӯи ғайриқонунии тило дар яке аз конҳои Навоӣ зери зок монда, ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG