Ссылки доступа

"Тиҷорат"-и ному насаб. Дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳуҷҷатҳоро иваз мекунанд?


Аз соли 2014 то нимаи аввали соли 2021 қариб 235 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ному насаби худро иваз карда, шиносномаи нав гирифтаанд.

Мақомот мегӯянд, иддае аз онҳо мансабдорон ва хидматчиёни давлатиянд. Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки бахши асосии номивазкардаҳоро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд. Махсусан онҳое, ки аз Русия ронда шудаанд. Дар Тоҷикистон ба такрор иваз кардани ному насаб ва гирифтани шиносномаи нав маҳдудият надорад.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, қариб нисфи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Русия ронда шудаву вурудашон ба он кишвар муваққатан манъ аст (расман беш аз 270 ҳазор кас), бо шиноснома ва ному насаби нав дубора ба Русия сафар кардаанд. Ин кор хилофи қонунҳои Русия аст, ки чунин сафарҳоро гузаштани ғайриқонунӣ аз марзи давлатӣ медонанд.

Бар пояи ин бандҳои қонуни Русия Убайдулло Алиназаров, сокини 35-солаи яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, барои сафар карданаш бо ному насаби дигар дар Русия 6 моҳ зиндонӣ шуд. Ӯ дар соли 2015 барои вайрон кардани тартиботи будубош аз Русия ихроҷ шуда буд. Убайдулло дар баҳори соли 2016 бо ному насаби Ғозӣ Фирӯзов шиноснома гирифт ва дубора ба Русия рафт.

"Бо ин шиноснома се сол ба Русия рафтуомад кардам," -- гуфт Убайдулло. Вай тобистони соли 2019, дар дафъаи чаҳоруми сафар бо шиносномаи нав, дастгир шуд.

"Ҳангоми гирифтани иҷозатномаи кор (патент) аз рӯи изи ангуштонам насабу ном ва шиносномаи пешин баромад. Пурсиданд, ки "Убайдулло, чаро номатро иваз кардӣ?" Дар аввал қатъиян инкор кардам, аммо вақте суратамро дар шиносномаи пешин нишон доданд, дигар ҷойи гурехтан набуд. Гуфтам, баъди ихроҷ аз Русия, ба сабаби набудани ҷои кор дар ватан маҷбур шудам, шиноснома иваз кунам ва дубора ба ин кишвар биоям," -- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Убайдулло Алиназаров ё, бар асоси шиносномаи наваш, Ғозӣ Фирӯзов тибқи моддаи 322-и Кодекси ҷиноии Русия – "убури ғайриқонунии марзи давлатӣ" – гунаҳкор дониста шуд. Вай дар миёнаҳои моҳи июни соли 2019 боздошт ва миёнаҳои моҳи январи соли 2020 – баъд аз 6 моҳи дар ҳабс будан – такроран ба муддати 5 сол аз Русия ихроҷ гашт.

Қазияи Чепига

Муаллифи таҳқиқот ба камияш бо 10 муҳоҷири дигари корӣ суҳбат кард, ки борҳо ному насаб иваз кардаанд. Дар миёни онҳо шаҳрвандоне ҳам ҳастанд, ки дар 5-6 соли охир то 4 дафъа тағйири ном кардаанд. Ҳамаи онҳо як сабаб доранд: мисли Убайдулло ё Ғозӣ аз Русия ронда шуда, хостаанд, ба онҷо баргарданд.

Дар бораи ба осонӣ дастрас шудани шиносномаҳои Тоҷикистон баҳсҳо гоҳе доғ шуд, ки Анатолий Чепига, афсари эҳтимолии Раёсати асосии Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, бо шиносномаи хориҷии шаҳрванди Тоҷикистон ва бо ному насаби Руслан Табаров ба Ҷумҳурии Чех рафт. Ин хабар баҳори имсол расонаӣ шуд, аммо сафари Чепига бо шиносномаи тоҷикӣ дар соли 2014 сурат гирифта буд.

Бихонед: Ҷосуси Русия; аъзои ДОИШ ва уйғурҳои Чин. Шиносномаи Тоҷикистон ба кӣ "хидмат" мекунад?

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ гуфт, ба шахсе бо ному насаби Руслан Табаров шиноснома дода нашудааст. Раддияи ВКД-и Тоҷикистон дар ҳоле буд, ки мақомоти Ҷумҳурии Чех акси шиносномаи хориҷии Руслан Табаровро нашр карданд.

Ин нукта қобили зикр аст, ки иваз кардани ному насаб ва шиноснома дар Осиёи Марказӣ, бо ҳадафи ба хориҷ рафтан, танҳо хоси шаҳрвандони Тоҷикистон нест. Чунин таҷриба дар Қирғизистон низ мавҷуд аст. Расонаҳои он кишвар навиштанд, танҳо дар соли 2014 беш аз 38 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон ному насаб иваз карда буданд, ки ҳадафи бештари онҳо вуруди дубора ба Русия будааст.

Ному насабро чӣ гуна иваз мекунанд?

Бино бар қонун, барои дигар кардани ному насаб ва дарёфти ҳуҷҷатҳои нави ҳувият бояд аввал шаҳодатномаи таваллуд иваз карда шавад.

То моҳи январи имсол муҳлати омӯзиш ва баррасии аризаи шаҳрванд барои иваз кардани ному насаб 3 моҳ буд. Порлумони Тоҷикистон дар охири соли 2020 қонунро тағйир дод ва ин муҳлатро то ба як моҳ кам кард. Баъди он ки шаҳрванд зодномаи нав гирифт, метавонад, бар асоси он шиносномаҳои нави дохиливу хориҷӣ гирад.

Аммо ҳамсуҳбатони мо – муҳоҷирони корӣ – гуфтанд, дар ивази "маблағи бештар" мешавад аз ҳадди муқарраркардаи қонун дида, тезтар соҳиби шиносномаи нав шуд.

Санҷише, ки муаллифи таҳқиқот дар моҳи августи соли 2021 дар идораи яке аз САҲШ-ҳои Тоҷикистон анҷом дод, чунин натиҷа овард:

Рӯзноманигор: Салом.

Намояндаи САҲШ: Салом.

Р: Ному фамилияро иваз карданӣ ҳастам.

Н: Барои кӣ иваз мекунӣ?

Р: Барои худам. Аз Русия депорт шудаам, дубора рафтаниам.

Н: Майлаш, насаби -зода мегирӣ, -ов намедиҳем. Ҳуҷҷатҳои даркориро ҷамъ овар.

Р: Аз рӯйхати ҳуҷҷатҳо чандтоашро надорам. Шаҳодатномаи никоҳи волидон, шаҳодатномаи никоҳи худам нест.

Н: Ҳеч гап не, ҳатмӣ нест. Боқимондаҳояшро биёр.

Р: Мешавад, РМА (ИНН)-и нав гирифт?

Н: Бояд ҷойи зистро ҳам иваз кард. Дар кадом ноҳия дар қайд ҳастӣ?

Р: Дар ноҳияи ...

Н: Пас, дар ин ноҳия ному насаби нав мегирӣ, дар ноҳияи дигар ба қайд мемонӣ. Баъд ИНН-и нав мегирӣ. Бори чандум аст, ки ному насаб иваз мекунӣ?

Р: Бори аввал.

Н: Чанд кас ном иваз кард, дар Русия боздошт шуданд. Ду кас баробари ному насаб қайди ҷои зистро ҳам иваз карданд, маълум нашуд. Ҳамонҳоеро пайдову боздошт мекунанд, ки ному насаб иваз мекунанд, аммо ҷойи зисташонро иваз намекунанд.

Р: Чанд рӯз вақт мегирад гирифтани ному насаби нав?

Н: 20-25 рӯз.

Р: Ман бояд барвақттар гирам.

Н: Пас, ҳуҷҷатҳоро ҷамъ биёру биё, баъд гап мезанем.

Р: Чанд пул мешавад?

Н: Ҳуҷҷатҳоро биёр, баъд гап мезанем.

Дар ивази "пора" эҳтимоли зудтар гирифтани ному насаби навро Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ тасдиқ мекунад. Ин вазорат рӯзи 19-уми августи соли 2021 хабар дод, ки мудири САҲШ-и ноҳияи Носири Хусрав аз як шаҳрванд барои фавран иваз кардани ному насаб 2450 сомонӣ “пора” талаб карда, аз сӯи мақомот боздошт шудааст.

Агар мехоҳед, ки хабару таҳлилҳои ҷолибро дар бораи Тоҷикистон бихонед, лутфан, замимаи Радиои Озодиро бигиред: Google Play; App Store

Пул ва бозгашт ба номгузории суннатӣ

Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз соли 2014 то нимаи аввали соли 2021 наздик ба 235 ҳазор кас ному насаб иваз кардаанд. Ин шумора дар шаш моҳи аввали имсол ба 11 ҳазору 803 кас баробар аст.

Ба иттилои мақомот, дар САҲШ (ЗАГС), мизи шиносномадиҳӣ ва хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ:

- шаҳодатномаи нави таваллуд 264 сомонӣ (тақрибан 23 доллар),

- шиносномаи дохилӣ 190 сомонӣ (бештар аз 16 доллар)

- шиносномаи хориҷӣ 1050 сомонӣ (93 доллар) аст.

Ин теъдод шаҳрвандон бо иваз кардани ному насаб, бар асоси муқаррароти расмӣ, ба мақомоти САҲШ-и Вазорати адлия тахминан 62 миллион сомонӣ (5 миллиону 486 ҳазор доллар), ба мизҳои шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилӣ тахминан 44 миллиону 650 ҳазор сомонӣ (3 миллиону 951 ҳазор доллар) ва ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии вазорати корҳои дохилӣ тахминан 246 миллиону 750 ҳазор сомонӣ (21 миллиону 836 ҳазор доллар) даромад овардаанд. Ин танҳо даромади эҳтимолии расмӣ аст.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, гуфт, дар солҳои охир асосан кормандони муассисаҳои давлатӣ “барои ба номугузории суннатӣ гузаштан насаб иваз кардаанд”.

“Солҳои гузашта кормандони муассисаҳои давлатӣ ному насаб иваз мекарданд. Қариб ҳамаи онҳо насабашонро ба номгузории суннатӣ гардондаанд ва барои ҳамин дар шаш моҳи соли 2021 шумори аризаҳои сокинон барои иваз кардани ному насаб кам шуд”, -- гуфт Ашӯриён дар нишасти хабарии рӯзи 12-уми июли соли 2021.

Ашӯриён дар бораи муҳоҷироне, ки аз ночорӣ ному насаб иваз мекунанд, чизе нагуфт.

Музаффар Ашӯриён

Иддаои вазири адлия дар бораи хидматчиёни давлатӣ будани шахсоне, ки ному насаб иваз кардаанд, дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон дар охири соли 2020 гуфт, теъдоди хидматчиёни давлатӣ 19 ҳазору 210 нафар аст.

Ифтихор Самадзода, муовини сардори раёсати Сабти Асноди Ҳолати Шаҳрвандии Вазорати адлия гуфт, шаҳрвандон асосан дар аризаҳояшон менависанд, ки ба далели “гӯшхарош будани номашон мехоҳанд, номи нав ба худ гиранд”.

“Шаҳрванд ба Русия меравад, қонуншикание содир мекунад ва ягона роҳро дар иваз кардани ному насаб мебинад - мо ба ин алоқамандӣ надорем. Шаҳрванд меояд ва мехоҳад, ному насабашро иваз кунад - ба насаби модараш гузарад, номи падарашро барои худ насаб гардонад - ё ба анъанаҳои миллӣ гузарад - мо фақат ҳамин мушаххасотро дар ҳуҷҷатҳо қайд мекунем. Сабабҳои дигар ба мо алоқамандӣ надорад”, - гуфт Ифтихор Самадзода.

"Муҳоҷирон меомаданду ному насаб иваз карда, дубора мерафтанд"

Ба фарқ аз Вазорати адлия дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон мавҷудияти падидаи иваз кардани ному насаб аз сӯи муҳоҷиронро тасдиқ карданд. Акбар Хуҷаназаров, масъули робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират гуфт, тамоюли дигар кардани ному насаб ва шиноснома аз тарафи муҳоҷирон аз солҳои 2008-2009 шуруъ шудааст.

“Ҳамон солҳо депортатсия ва ихроҷ аз Русия оғоз шуд. Муҳоҷирон меомаданду ному насаб иваз карда, дубора мерафтанд. Мо дақиқан намедонем, ки чӣ қадар аз муҳоҷирон ному насаб иваз кардаанд, аммо медонем, ки шуморашон хеле зиёд аст”, - гуфт Хуҷаназаров.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, то моҳи декабри соли 2020 аз маҷмуи муҳоҷирони тоҷикистонӣ бештар аз 272 ҳазор кас аз Русия ронда ё депортатсия шудаанд.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, мегӯяд, бино ба иттилоъ ва мушоҳидаҳои вай, ҳар дувумин шаҳрванди ихроҷшудаи Тоҷикистон бо ному насаб ва шиносномаи нав дубора вориди Русия мегардад. "Ман мисолҳои зиёдеро медонам, ки шаҳрвандони мо дар Тоҷикистон чӣ гуна шиносномаи нав мегиранд. Муҳоҷирон нақл мекунанд, ки барои шиносномаи нав бо ному насаби дигар то 500 доллар додаанд," -- гуфт Ёров.

Ба гуфтаи Ёров, депорт ва рондани муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз Русия дар солҳои 2014-2015 авҷ гирифт. Он замон тартиби будубош дар Русия барои муҳоҷирон дигар ва сахттар шуд. Депортатсия низ афзуд.

"Ҳоло ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ному насаб иваз кардаву дубора ба Русия омадаанд, ҷаримаву корҳои ислоҳӣ, зиндону ихроҷи дубора таҳдид мекунад. Мақомоти Русия яке паси дигар чунин шаҳрвандонро ошкор мекунанд. Ман парвандаи шаҳрвандонеро дар даст дорам, ки бо айби убури ғайриқонунии марзи Русия (яъне, иваз кардани ному насаб) дар додгоҳ баррасӣ мешаванд," -- гуфт Ёров.

Ҳоло бо ҷамъбаст кардани далелҳои Ёров ва иттилои Вазорати адлияву Хадамоти муҳоҷират метавон, ба ин хулоса расид, ки аз 50 дарсади маҷмӯи 272 ҳазор муҳоҷири депортшудаи Тоҷикистон, тақрибан 135 ҳазор кас тариқи “пардохти маблағи бештар” ному насаб иваз кардааст. Дар сурати 500-долларӣ пардохт кардани 135 ҳазор шаҳрванд 67,5 миллион доллар мақомоти САҲШ, мизҳои шиносномадиҳӣ ва хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ “даромад”, аммо он шаҳрвандон дар иваз “хатари зиндону ҷарима” гирифтанд.

XS
SM
MD
LG