Ссылки доступа

Риши 10 сокини вилояти Тошкандро иҷборан тарошиданд


Икрам Холматов до и после принудительного сбривания бороды.

Дар шаҳри Янгиюли вилояти Тошканди Узбекистон даҳ мардро ба идораи пулис даъват ва иҷборан ришашонро тарошиданд.

Икром Холматови 38-сола, сокини шаҳри Янгиюл гуфт, ӯро рӯзи 22 ноябр ба идораи пулис даъват карданд ва ҳамроҳи чаҳор марди дигар иҷборан ришашро тарошиданд.

Вай афзуд, дар чаҳор моҳи охир ин бори дувум аст, ки дар мақомоти пулис риши ӯро иҷборан метарошанд.

Як манбаъ аз шаҳри Янгиюл гуфт, рӯзи 22 ноябр дар маҷмунъ дар он шаҳр риши 10 мардро иҷборан тарошиданд.

Ин дар ҳолест, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Узбекистон аз афзоиши ҳолатҳои иҷборан тарошидани мардон дар ҳафтаҳои охир хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG