Ссылки доступа

Буҷаи соли 2022 бе баҳси зиёд тасдиқ шуд. Панҷ миллиард сомонии иловагӣ аз куҷо?


Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, гуфт, ки даромади буҷаи соли оянда 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса ба буҷаи имсола беш аз 19 дарсад ё панҷ миллиард сомонӣ зиёд аст.

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 24-уми ноябр бе баҳсу баррасии зиёд буҷа (буҷет)-и соли ояндаро тасдиқ карданд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, гуфт, ки даромади буҷаи соли оянда 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса ба буҷаи имсола беш аз 19 дарсад ё панҷ миллиард сомонӣ зиёд аст.

Дақиқ нест, якбора ин миқдор афзудани буҷа барои андозсупорандагони кишвар чӣ мушкилӣ ба бор меорад. Мақомот бовар доранд, тибқи пешбинии онҳо, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) соли оянда 7.9 дар сад зиёд мешавад ва афзоиши чашмгири буҷа ба ин хотир аст.

Вазири молия афзуд, хароҷоти буҷаи соли оянда 33.6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст ва қариб нисфи он барои соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ харҷ мешавад.

Дар буҷаи соли оянда 3.2 миллиард сомонӣ барои пардохти қарзи хориҷии кишвар пешбинӣ шудааст.

Буҷаи давлатии Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби андоз ва пардохтҳои гумрукӣ пур карда мешавад. Ин аст, ки соҳибкорон аз сарбории гарони андоз шикоят мекунанд. Ҳамасола зиёд шудани буҷа, ба гуфтаи мутахассисон, ин сарбориро бештар мекунад.

Файзиддин Қаҳҳорзода рӯзи 24-уми ноябр дар назди вакилон гуфт, 21 милиард сомонӣ ё 70 дарсади буҷаи соли оянда аз ҳисоби андоз ва боҷи гумрукӣ пур карда хоҳад шуд.

Вакилон ҳангоми тасдиқи буҷа баҳси зиёд накарданд. Мирзоанвар Ахмедов, вакил ва муовини раиси Ҳизби аграрӣ пешниҳод кард, ба кишоварзон имтиёз дода шавад. Мақомот ба ин пешниҳоди вакил посух надоданд.

Имсол мақомот кишоварзонро аз пардохти андози ягонаи замин озод карда буданд, вале ин имтиёз барои соли 2021 буд ва мақомот дар бораи дароз кардани муҳлати он дар соли оянда чизе нагуфтанд.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакил ва раиси Ҳизби демократ, аз вазири молия хост, аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷа бинои Институти забон ва адабиёт таъмир карда шуда, маоши кормандон афзоиш дода шавад.

XS
SM
MD
LG