Ссылки доступа

Фоҷеа дар нақби Қазоқистон: корфармо айбдор шуд


Натиҷаи таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи нохуш дар шахтаи "Абай"-и Қарағандаи Қазоқистон, ки 7 ноябр шаш кушта ва се захмӣ бар ҷой гузошт, эълом шуд.

Ба гуфтаи Юрий Илин, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, комиссияи давлатӣ муайян кардааст, ки дар сарзадани ҳодисаи нохуш корфармо -- ширкати "АрселорМиттал Темиртау" саддарсад айбдор аст.

"Хулосаи комиссия ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод мешавад ва онҳо доираи мансабдоронеро, ки дар ин қазия гунаҳкор ҳастанд, муайян мекунанд. Корфармо бо ҳамаи хулосаҳо розӣ аст", - гуфт Илин.

Таркиш субҳи 7-уми ноябр дар кони ангишти Абай дар вилояти Қарғандаи Қазоқистон рух додааст.

Дар замони таркиш 64 коргар дар кон будаанд ва 56 нафар тавонистаанд берун раванд. Мақомот гуфтанд, ки таркиш аз газе ба вуқӯъ пайваст, ки аз ангишт хориҷ мешавад.

Чунин ҳодиса дар кони Абай дар соли 2008 низ рух дода буд, ки бар асари таркиши гази метан 30 нафар кушта ва 14 нафар маҷрӯҳ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG