Ссылки доступа

Беш аз 90%-и бензинҳои воридшуда ба Узбекистон аз Русия ва Туркманистон ҳастанд


Узбекистон дар давоми 10 моҳи ахир беш аз 300 миллион литр бензин ворид кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 128 миллион литр зиёд аст.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатиии омори Узбекистон, ин кишвар аз моҳи январ то моҳи октябри соли равон ба маблағи зиёда аз 110 миллион доллар бензин ворид кардааст.

Ба Узбекистон асосан аз Русия (142,3 миллион литр) ва Туркманистон (136 миллион литр) бензин ворид шудааст.

Ҳамчунин Қазоқистон (16 миллион литр), Ироқ (3,6 миллион литр) ва Эрон (1,8 миллион литр) низ ба Узбекистон бензин содир кардаанд.

XS
SM
MD
LG