Ссылки доступа

Дастгоҳҳои тилошӯӣ дар кони Қумтори Қирғизистонро нав мекунанд


Дар ширкати "Қумтор Голд Компании" тарҳи таҷдиди густардаи дастгоҳҳои тилошӯӣ рӯи даст гирифта шудааст.

Ба иттилои ширкат, дастгоҳҳои тилошӯии корхона соли 1996 насб шудаанд ва аз он замон то кунун танҳо таъмир гардидаанд.

Дар ширкат гуфтанд, таҷдидсозии дастгоҳҳо ба ҷуз аз истеҳсоли бештар кам кардани зарар ба муҳити атрофро низ мадди назар дорад.

Қумтор - калонтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки ҳамасола аз он 15-17 тона тило истихроҷ мешавад.

XS
SM
MD
LG