Ссылки доступа

Ду сокини Самарқанд дар натиҷаи заҳролудшавӣ фавтиданд


Ду коргари ширкати "Агрокимиё"-и вилояти Самарқанди Узбекистон дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз дуд фавтиданд.

Дар ин бора рӯзи 24 ноябр Ҳаёт Шамсиддинов, сухангӯи додситони кулли Узбекистон хабар дод.

Ба иттилои намояндаи додситонӣ, барои муайян кардани сабабҳои марги ду коргар ташхиси судиву тиббӣ анҷом шудааст. Ташхис хулоса додааст, ки коргарон аз дуди печи худсохт заҳролуд шудаву фавтидаанд.

Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Узбекистон мегӯяд, дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои он кишвар 558 ҳолати нохуш рух додааст.

Дар натиҷа 166 коргар фавтида, 432 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG