Ссылки доступа

Қазоқистон аз Чин барқарорсозии интиқол молро дархост кард


Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин 25 ноябр дар ҷаласаи раҳбарони ҳукумати кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шангхай аз мақомоти Чин даъват кард, дар барқарорсозии интиқоли мол миёни ду кишвар мусоидат намоянд.

"Аз ҳамтоёни чинии худ дархост кард, роҷеъ ба барқарорсозӣ ва афзоиши интиқоли мол, ки ба ҳаҷми савдо дар ҳамаи минтақаҳо таъсири мусбат мегузорад, чораҳои фаврӣ андешанд", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии сарвазири Қазоқистон.

Дар бораи он ки мақомоти Чин ба ин дархост чи посух додаанд, иттилоъ дода намешавад.

Чин аз охирҳои соли гузашта бештари маҳсулоти Қазоқистон, аз ҷумла ғалладона, металлҳои ранга ва нуриҳои маъданиро, ки дар вагонҳои пӯшида интиқол меёбанд, бо баҳонаи эҳтимоли сирояти коронавирус қабул намекунад. Тоҷирони қазоқ, ки тавассути роҳи оҳан мол содир мекунанд, мегӯянд, дар натиҷа хисороти бузург дидаанд.

XS
SM
MD
LG