Ссылки доступа

Шаҳрдори Москва хост, шумори муҳоҷирон дар хадамоти коммуналӣ кам карда шавад


Шаҳрдори Москва Сергей Собянин гуфт, хадамоти коммуналии ноҳияҳои пойтахти Русия имкони коҳиш додани кормандони худ аз ҳисоби муҳоҷирони кориро доранд.

"Дар хадамоти коммуналии шаҳрҳои бузург муҳоҷирон тақрибан намондаанд. Онҳо танҳо дар сатҳи хадамоти коммуналии ноҳиявӣ, ки онҷо корҳои зиёди фаррошӣ, "сиёҳ" ва каммузд ҳаст, боқӣ мондаанд. Вале дар онҷо низ захираи кадрҳо ҳаст, ки мо метавонем истифода кунем", - изҳор дошт Собянин дар суҳбат бо РИА Новости.

Шаҳрдори Москва пештар даъват карда буд, ки шумори муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳои пойтахти Русия кам карда шавад. Ӯ пешниҳод кард, ки дар ивази муҳоҷирон бештар сокинони Русия аз минтақаҳои дигари ин кишвар ҷалб шаванд. Аммо, бино ба оморҳо, камбуди неруи корӣ дар саросари Русия мушоҳида мешавад.

"Одамони дорои сифати дигар, бо маоши дигар даркор ҳастанд, на муҳоҷирон, ки айни замон онҳоро зиёд дорем", - гуфт Собянин рӯзи 17 ноябр ҳангоми дидан кардан аз як бинои навсохт дар Москва.

Ибтидои моҳи ноябри соли ҷорӣ Андрей Бочкарёв, ноиб-раиси шаҳри Москва гуфта буд, шаҳрдорӣ нақшаи даст кашидан аз муҳоҷирони кориро дар сохтмонҳо таҳия мекунад. Аммо вай афзуда буд, ки ба далели паҳншавии вабои коронавирус дар сохтмонҳои Москва камбуди шадиди неруи корӣ мушоҳида мешавад. Владимир Ефимов, ноиб-раиси дигари шаҳрдори Москва дар моҳи сентябри соли ҷорӣ гуфт, дар шаҳр 200 ҳазор неруи корӣ намерасад.

XS
SM
MD
LG