Ссылки доступа

Дар шаҳри Алмато бо шоир Арон Отабек видоъ гуфтанд


Арона Атабека, поэта и диссидента, который более 15 лет провел за решеткой, проводили в последний путь в Алматы.

Арон Атобек, шоири дигарандеши Қазоқистон, ки баъди 15 соли зиндон чанде пеш аз ҳабс озод шудаву дар бемористон фавтид, дар шаҳри Алмато ба хок супорида шуд.

Намози ҷанозаи вай дар манзили хоҳараш хонда шуд. Дар ҷаноза, сарфи назар аз ҳавои номусоид, садҳо одам ширкат карданд.

Фаъолони Қазоқистон талаб карданд, бо ҳадафи муайян кардани сабаби воқеии марги шоир Арон Атобек таҳқиқи мустақили судиву тиббӣ анҷом шавад.

Шоири дигарандеш шоми 24 ноябр дар натиҷаи аз кор мондани қалбаш фавтид.

"Мо ташхиси мустақили судиву тиббиро талаб дорем. Онҳо ташхиси худро анҷом медиҳанд, аммо мо ташхиси мустақилро талаб дорем. Суолҳои асосӣ инҳо ҳастанд: чи чиз боиси марг шуд? Оё дар ҷисми вай нишонаҳои заҳролудшавӣ ҳаст? Вай марди солим буд, танҳо дар давоми ҳафт моҳи охир ҷисман об шуд. Наметавонист, дасташро боло кунад, ҳарф занад. Вай 85 кило вазн дошт, вале баъди озодӣ ҳамагӣ 50 кило шуда буд. Чаро чунин шуд, мо мехоҳем, ки тавассути ташхиси мустақилро инро муайян кунем", - гуфт Муродбек Есенғозӣ, як ҳамсангари шоир.

Шоир ва мухолифи қазоқ, Арон Эдигеев, машҳур бо тахаллуси адабии Арон Атобек, дар 68-солагӣ дар Алмато даргузашт.

Хоҳараш Розия Нутушева ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дили шоир шоми 24-уми ноябр дар яке аз бемористонҳо аз тапидан монд. Ӯро 20-уми октябри имсол, пас аз тақрибан се ҳафтаи раҳоӣ аз зиндон, ба бемористон бурданд. Вай дар ҳолати кома буд.

Арон Атобек бо гуноҳи ташкили бетартибиҳои оммавӣ 15 соли умри худро дар зиндон гузаронд, вале ҳеч гоҳ ин иттиҳомро напазируфтааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар вайро зиндонии сиёсӣ меномиданд. Якуми октябри имсол аз маҳбас озод шуд.

Атобек гуфта буд, дар натиҷаи шиканҷа, латукӯб ва шароити бади нигаҳдорӣ дар зиндон саломатияшро аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG