Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон дастур дод, барои 110 ҳазор хонавода қимати барқ арзон шавад


Дар Қирғизистон мумкин аст, шуруъ аз 1 январ қимати неруи барқ барои хонаводаҳои камбизоат аз 77 тайини кунунӣ барои ҳар киловат соат то ба 50 тийин пойин оварда шавад.

Дар ин бора Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 26 ноябр ба ҳукумати кишвараш дастур дод. Ин дар ҳолест, ки пештар аз ин Ҷабборов гуфта буд, бидуни боло бурдани қимати неруи барқ наметавон, соҳаи энержиро рушд дод ва вай ҷонибдорони арзонсозии қимати неруи барқро дар авомфиребӣ айбдор карда буд.

"Бояд ба хонаводаҳои камбизоат таваҷҷуҳи бештар равона карда шавад. Ҳама чиз қимат шуд, мо 110 ҳазору 518 хонаводаи камбизоат дорем, ки бояд кӯмаку пуштибонӣ бинанд. Мушкилии ин хонаводаҳо бештар аз дигарон аст. Агар ҳар кадом хонавода 5 узв дошта бошад, пас онҳо бештар аз 500 ҳазор ҳастанд. Аз ҳамин хотир, биёед шуруъ аз 1 январ қимати неруи барқи онҳоро пойин барем", - муроҷиат кард Ҷабборов ба намояндагони вазорати энержии кишвараш.

Дастури пойин овардани қимати неруи барқ дар ҳолест, ки дар Қирғизистон камбуди ҷиддии неруи барқ мушоҳида мешавад. Мақомоти энержии Қирғизистон аз сокинон даъват доранд, ки дар истифодаи неруи барқ сарфакор бошанд.

Рӯзи 6 ноябр Содир Ҷабборов гуфта буд, қимати неруи барқро бояд боло бурд, дар ғайри сурат наметавон, соҳаи энержиро рушд дод.

XS
SM
MD
LG