Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон ҳукми зиндониёни парвандаи таркиши Арисро сабуктар кард


Додгоҳи зинаи болоии ҳарбии Қазоқистон ҳукми айбдоршудагони парвандаи анбори низомӣ дар шаҳри Ариси он кишварро сабуктар кард.

Дар моҳи июли соли 2020, дар доираи парвандаи мазкур, 12 танро аз 4 то 10 сол, чаҳор касро аз 4 то 7-солӣ зиндонӣ карда буданд.

Ҳамакнун бо қарори нави додгоҳ 7 тани онҳо аз зиндон раҳо шудаанд. Пештар ин 7 тан дар "муносибати хунукназарона ба адои вазифа, ки боиси оқибати вазнин шудааст", айбдор шуда буданд.

Афроди маҳкумшуда дар қисми низомӣ ба ҳайси роҳбар фаъолият мекарданд.

Додгоҳ парвандаи мазкурро дар моҳи июли соли 2020 пушти дарҳои баста баррасӣ карда буд. 1500 кас ҳамчун ҷабрдида дар парванда зикр шуда буданд.

Рӯзи 24 июни соли 2019 дар анбори қисми низомие дар шаҳри Арис таркиш рух дод. Дар он ҳодиса 4 кас кушта шуд.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи таркиш 85 дарсади манзилҳои шаҳр хисорот дида, бештар аз 20 манзил комилан хароб шудааст.

XS
SM
MD
LG