Ссылки доступа

Мухолифони Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи порлумониро қабул надоранд


Даҳҳо ҷонибдори мухолифини Қирғизистон дар маркази шаҳри Бишкек ҷамъ омада, ба баргузории интихоботи нави порлумонӣ даъват доранд.

Натиҷаҳои пешакии интихобот аз пирӯзии се ҳизби ҳукуматгаро дарак медиҳанд.

Эътирозгарон рӯзи 29 ноябр назди бинои Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсӣ дар шаҳри Бишкек ҷамъ шуданд. Дирӯз чаҳор ҳизби мухолиф, ки садди панҷдарсадиро натавонистанд, бигзаранд ва вориди порлумон шаванд, ҳукуматро дар тақаллубкорӣ айбдор ва талаби бекорсозии натиҷаҳои интихоботро карданд.

Бисёре аз эътирозгаронро аз кор мондани дастгоҳҳои шумориши худкори баргаҳои раъйи Комисияи интихоботӣ ба ташвиш овардааст. Намояндагони чанд ҳизб гуфтанд, баъди аз кор мондани дастгоҳҳо раъйҳо онҳо якбора кам шуда ва онҳо натавонистанд, садди панҷдарсадиро убур кунанд.

Нурҷон Шайлдабекова, раиси Комисияи интихоботӣ ва дигар кормандони комисия ба эътирозгарон гуфтанд, аз кор мондани дастгоҳҳо барқасдона сурат нагирифтааст ва он ҳам ба натиҷаи шумориши овозҳо таъсире надоштааст.

Нозирони байналхалқӣ гуфтанд, интихобот "рақобатнок" буд, аммо зоҳиран теъдоди зиёди сокинон дар интихобот ширкат накарданд.

Ба иттилои пешакӣ шаш ҳизби сиёсӣ - "Ата-Журт Қирғизистон", "Ишеним", "Интимак", "Алянс", "Бутун Қирғизистон" ва "Иймон Нуру" вориди порлумон шудаанд.

Чаҳор ҳизби мухолиф - "Ата Макон", "Озодӣ", Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон ва "Улуттар Биримдигӣ" раъйи кофиро ба даст наоварданд.

Бино ба меъёрҳои нави Конститутсияи Қирғизистон, ки дар моҳи апрели соли 2021 қабул шуд, теъдоди вакилони порлумон аз 120 ба 90 кам гардид.

Ин интихобот интихоботи такрории тирамоҳи соли гузашта аст. Натиҷаҳои интихоботи соли гузашта дар пайи тазоҳуроти сокинон бекор шуда буданд.

Эътирози сокинон соли гузашта ҳамзамон боиси сарнагунии президенти пешини он кишвар шуд ва дар натиҷа Содир Ҷабборов сари қудрат омад.

XS
SM
MD
LG