Ссылки доступа

Қатли бераҳмонаи донишҷӯдухтар дар Туркманистон


Дар шаҳри Туркманободи Туркманистон рӯзи 26 ноябр ҷасади як донишҷӯ дар манзили зисташ пайдо шуд. Аз пулиси Туркманобод гуфтанд, ӯро пеш аз қатл таҷовуз кардаанд.

Ба иттилои пулис, дар ҷисми вай панҷ зарби корд мушоҳида шудааст.

Мақомот гуфтанд, донишҷӯи кушташуда дар яке аз донишгоҳҳои Туркманистон дар соли севум таҳсил мекард.

"Қатли донишҷӯ дар шаҳри Туркманобод боиси сару садоҳо шудааст. Мо умедворем, ки қотил пайдо карда мешавад", - гуфт як сокини Туркманобод.

Дар моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Дашоғуз чунин як куштори дигар сурат гирифта буд. Он замон духтари 19-сола, ки вай низ донишҷӯ буд, бо зарби табар кушта шуд. Пулис қотилро пайдо карда буд.

XS
SM
MD
LG