Ссылки доступа

Михаил Саакашвилӣ бори аввал дар додгоҳ ҳузур пайдо кард


Президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ, ки ибтидои моҳи октябри соли ҷорӣ, баъди баргаштан ба кишвараш боздошт шуда буд, рӯзи душанбеи 29 ноябр дар додгоҳ ҳузур пайдо кард.

Ӯро аз бемористони низомӣ ба додгоҳ оварданд. Саакашвилӣ баъди берун шудан аз гуруснашинии якмоҳа дар бемористони низомӣ табобат мегирифт.

Президенти пешини Гурҷистонро дар доираи парвандае боздошт карданд, ки қаблан нисбати вай боз шудаву дар доираи он ҳукми боздошташро додгоҳ ғоибона содир карда буд. Саакашвилиро дар сӯистифода аз қудрат ҳангоми парокандасозии эътирози 7 ноябри соли 2007 ва мусодираи дороии тоҷир Бадрӣ Патаркатсишвлӣ айбдор мекунанд. Президенти пешин ин айбҳоро рад мекунад. Саакашвилӣ пеш аз шуруи муҳокима рӯзи душанбе гуфт, додситонӣ ва низоми додгоҳии Гурҷистонро эътироф намекунад.

Президенти пешин талаб кард, ки ӯро дар додгоҳ ҳозир кунанд. Пештар мақомот ба далелҳои амниятӣ ҳузури шахсии ӯро дар додгоҳ иҷозат намедоданд. Аммо дар натиҷаи талаби кишварҳои Ғарбӣ Саакашвилро ба додгоҳ оварданд.

Ҷонибдорони Саакашвилӣ пушти дари додгоҳ дар шаҳри Тифлис ҷамъ шуданд. Дар натиҷа байни сокинон ва пулис занозанӣ сурат гирифт. Чанд нафар аз сӯи пулис боздошт шуд.

Саакашвилӣ дар натиҷаи инқилоб сари қудрат омад ва то соли 2012 Гурҷистонро роҳбарӣ карда буд. Баъди анҷоми муҳлати президентӣ вай кишварашро тарк кард. Мақомоти нави Гурҷистон шаҳрвандии ӯро бекор ва нисбаташ парванда боз карданд. Вай дар моҳи октябри соли ҷорӣ бо ҳадафи ҷонибдорӣ аз мухолифи ҳукумати Гурҷистон вориди кишвар шуд. Мақомоти Гурҷистон ӯро ба маҳзи ворид шудан боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG