Ссылки доступа

Дар Узбекистон ҷалби омӯзгорон ба меҳнати иҷборӣ идома дорад


Омӯзгорони мактабҳои миёна ва мураббиёни боғчаҳо дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон иҷборан ба дарахтшинонӣ ҷалб карда шудаанд.

Бино ба иттилои бахши узбекии Радиои Озодӣ, намояндаи Идораи маорифи Қашқадарё гуфтааст, раванди маъракаи дарахтшинонии омӯзгорон ва мураббиёнро муовини сарвазири ин кишвар Шуҳрат Ғаниев бо чархбол назорат хоҳад кард.

Чандин омузгор ва мудири мактабҳои Қашқадарё гуфтанд, сарфи назар аз пайдо нашудани "чархболи муовини сарвазир" аз ҳисоби худ дарахт харида, дар гирду атрофи мактаб ва боғчаҳо шинонданд.

Мақомоти вилояти Қашқадарё аз шарҳи расмии хабар худдорӣ карданд.

Дар канали телеграмии маъмурияти Қашқадарё хабар дода шудааст, ки маъракаи ниҳолшинонӣ бо дастури раиси вилоят сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG