Ссылки доступа

Қазоқистон чораҳои пешгирӣ аз вуруди "коронавируси африқоӣ"-ро сахттар кард


Ҳукумати Қазоқистон эълом кардааст, ки ба хотири пешгирӣ аз вуруди навъи нави коронавирус "Омикрона" ба ин кишвар як қатор чораҳоро хоҳад андешид.

Муовини вазири тандурустии Қазоқистон 30 ноябр дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, аз 3 декабр вуруди шаҳрвандони Африқои Ҷанубӣ, Ботсвана, Лесото, Намибия, Зимбабве, Мозамбик, Мадагаскар, Эсватини, Малавӣ, Танзания ва Ҳонконг ба ин кишвар маҳдуд мешавад.

Ҳамчунин мусофирон аз кишварҳое, ки дар онҳо навъи нави коронавирус ошкор шудааст, аз ҷумла Исроил, Бритониё, Чехия, Нидерландия, Белгия, Итолиё, Олмон, Австралия, Канада ва Миср ҳангоми воридшавӣ ба Қазоқистон сарфи назар аз эм шуданашон бояд натиҷаи манфии санҷиши вирусро пешниҳод кунанд.

Ин гуруҳи мусофирон бо вуҷуди манфӣ будани натиҷаи озмоиши вирус ба муҳлати 7 шабонарӯз ба карантини хонагӣ фиристода мешаванд.

“Омикрон”-ро коронавируси ошкоршуда дар Африқои Ҷанубӣ меноманд ва ин навъи вирусро бо хусусияти бисёр зуд сироят шуданаш хатарнок арзёбӣ мекунанд. Тарси мақомот ва донишмандон ин аст, ки “Омикрон” ба воксинаҳои зидди коронавирус тобовар буда, метавонад шахси эмшударо ҳам сироят кунад. Вале ҳамоно ин навъи вирус дуруст омӯхта нашудааст. Мақомот дар Африқои Ҷанубӣ гуфтанд, ки дар кишвари онҳо бисёр беморшудаҳо ҷавонон мебошанд.

XS
SM
MD
LG