Ссылки доступа

Ҳукумати низомии Мянмар нисбати Аун Сан Су Чжи айбҳои нав эълом кард


Ҳукумати низомии Мянмар роҳбари мухолифон ва барандаи ҷоизаи Нобел Аун Сан Су Чжиро дар фасодкорӣ айбдор кард.

Айбномаи нав ба кирояи чархбол рабт дорад, ки шомили қонини мубориза зидди фасод мешавад. Аз рӯи ин айб Аун Сан Су Чжиро то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Шуруъ аз миёнаҳои моҳи марти соли 2021, аз замони оғози муҳокимаи парвандаи Су Чжии 76-сола, нисбати вай наздики 10 айб эълом шудааст. Вай ҳамаи айбҳои эълоншударо рад мекунад.

Ҳукумати низомии Мянмар аз посух додан ба суолҳои расонаҳо дар мавриди парвандаҳои Су Чжи худдорӣ мекунад. Вакилони мудофеи Су Чжи низ нахостаанд, ки парвандаҳоро шарҳ диҳанд.

XS
SM
MD
LG