Ссылки доступа

Парокандасозии эътирозгаронро дар Узбекистон бо "зарфҳои газ" озмоиш карданд


баллон с газом, используемый людьми в "чёрных масках"

Дар пасманзари эътирозҳои мардумӣ дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон, вазири корҳои дохилии Узбекистон Пулод Бобоҷонов ба он вилоят рафт.

Рӯзи 27 ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он дида мешавад, кормандони мақомоти дохилӣ "бо ниқобҳои сиёҳ" чи гуна эътирозгаронро бо истифода аз газ пароканда мекунанд.

Вазири корҳои дохилии Узбекистон ҳамчунин 33 корманди вилоятии мақомоти дохилиро сабукдуш кардааст.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ронда шудани кормандон ба ҳодисаҳои охири ноҳияи Чиракчини вилояти Қашқадарё рабт дорад.

Рӯзи шанбеи 27 ноябр кормандони БДА дар ноҳияи Чиракчин ҳамроҳ бо афроди ниқобпӯш рейд гузарониданд. Он рӯз ҳуҷҷати ронандагони зиёдеро гирифта, мошинҳоро ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ бурданд. Ин боис шуд, ки ронандагон дар якҷоягӣ талаб бозпасдиҳии ҳуҷҷатҳояшонро карданд ва аз сӯи пулис бо истифода аз газ пароканда шуданд.

XS
SM
MD
LG