Ссылки доступа

Дар Қазоқистон пули нав бо расми Назарбоев ба муомилот баромад


Бонки миллии Қазоқистон эълом кард, ки дар ин кишвар пули нав бо расми президенти пешин Нурсултон Назарбоев ба муомилот бароварда шуд.

Пули 20-ҳазортангаӣ, ки дар ҳар ду тарафаш расми Назарбоев омадааст, бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии Қазоқистон нашр гаштааст.

Ба иттилои бонк, ин пул аз 1 декабри соли 2021 - Рӯзи президент дар Қазоқистон ба муомилот бароварда шудааст.

Расми Назарбоев дар пули қазоқӣ бори нахуст соли 2016 нашр шуда буд. Бонки миллии ин кишвар он замон низ 10-ҳазортангаии қазоқиро бо расми Назарбоев бахшида ба рӯзи президент нашр карда буд.

​Назарбоев 19 марти соли 2019, баъди 30 соли раҳбарии Қазоқистон аз мақомаш истеъфо дод. Вақтҳои ахир ӯ дар маҳзари ом ҳозир намешавад. Ӯ дар ҳоли ҳозир раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон буда, ҳамчунин аз унвони "Пешвои миллат" бархурдор мебошад, ки ӯро аз ҳама гуна таъқибҳо эмин нигаҳ медорад.

Дар Қазоқистон пойтахт, фурудгоҳи байналмилалии он, кӯчаҳои марказии вилоятҳо ба номи Назарбоев гузошта шудаанд. Яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Алмато низ номи ӯро гирифта, то ба ҳол дар ин кишвар чанд муҷассамаи Назарбоев қомат афрохтааст.

XS
SM
MD
LG