Ссылки доступа

Дар Қирғизистон истеъфои раиси КМИР-ро талаб доранд


Гуруҳе аз сокинони Қирғизистон дар пасманзари нашри натиҷаҳои баҳсбарангези интихоботи порлумонӣ истеъфои раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии он кишвар (КМИР) Нурҷон Шайлдабековаро талаб мекунанд.

Ба гуфтаи муаллифони муроҷиатнома, "мардум бо вуҷуди ваъдаҳо барои баргузор кардани интихоботи шаффоф ин бор низ ноумед шуданд".

Онҳо мегӯянд, интихоботи ахири порлумонии Қирғизистон бо қонуншиканиҳои зиёд баргузор шуда, масъулони КМИР натиҷаҳои интихоботро ба таври густарда сохтакорӣ кардаанд.

Муаллифони муроҷиатнома гуфтанд, ягона роҳи ҳифзи боварии мардум ба низоми интихоботӣ ва роҳ надодан ба нақзи тартиботи ҷамъиятӣ тағйири комили ҳайат ва раҳбарияти КМИР Қирғизистон мебошад.

Дар Қирғизистон 28 ноябр интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Ҳизбҳои мухолифи Қирғизистон натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии ин кишварро, ки рӯзи якшанбе барпо шуд, рад карда Комиссиюни марказии интихоботро дар тақаллуб айбдор намуданд.

Шоми 28-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек раҳбарони чор ҳизби сиёсӣ – “Отамакон”, ҳизби “Озодӣ”, сотсиал-демократҳо ва ҳизби “Ваҳдати қавмҳо” аз мақомот талаб карданд, ки натиҷаҳои интихоботро бекор ва интихоботи навро барпо кунанд.

Мухолифон комиссиюни интихоботро дар он муттаҳам карданд, ки дар 40 дақиқае, ки монитори ҳисобу китоби овозҳо аз кор монд, овозҳо “дуздидаву” “тақаллуб шудаанд”. Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки 122 ҳазор ё наздики 10 фоизи бюллетенҳо беэътибор дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG