Ссылки доступа

Ҳамла ба Омурбек Текебоев, раҳбари ҳизби мухолиф дар Қирғизистон


Як гуруҳи ношинос ба раҳбари ҳизби мухолиф дар Қирғизистон, ки натиҷаҳои интихоботи порлумонии охири ҳафтаи гузаштаро напазируфт, ҳамла кардаанд.

Омурбек Текебоев, раҳбари Ҳизби "Ота Макон", гуфт, ҳамла рӯзи 1-уми декабр дар тарабхонаи "Парк Отел"-и Бишкек сурат гирифт. Вай гуфт, тақрибан 70 марди ниқобпӯш ба онҷо рафта, се нафарашон ӯро задаанд.

Текебоев бовар дорад, ки ҳамла ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт мегирад. Ҷонибдоронаш аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хостаанд, ҳодисаро фавран таҳқиқ карда, ҳамлаваронро ҷазо диҳад.

Президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов (Содир Жапаров), ба Вазорати корҳои дохилии ин кишвар дастур додааст, ки ҳодисаро ҳамаҷониба санҷанд. Муовини сарвазири Қирғизистон, Эдил Байсалов, дар Твиттер навишт, "дар Қирғизистон ба хушунати сиёсӣ ҷой нест".

Ҳамла дар замоне сурат гирифт, ки ҳудуди 300 ҷонибдори Ҳизби "Ота Макон" ва чанд ҳизби дигари мухолиф дар назди Кумисюни марказии интихобот дар Бишкек ҷамъ шуда, ин ниҳодро ба тақаллуб гунаҳкор карданд. Онҳо хостанд, интихоботи нав баргузор карда шавад.

Нурҷон Шайлдабекова, раиси Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон, рӯзи 1-уми декабр гуфт, ба дурустии натиҷаҳои интихобот шубҳае вуҷуд надорад. Шайлдабекова афзуд, ҳоло шумориши пурраи баргаҳои рой ба охир расидааст ва натиҷаҳои ниҳоӣ пас аз ворид шудани маълумот ба системаи электронӣ эълон хоҳад шуд.

Интихоботи порлумонии Қирғизистон рӯзи 28-уми ноябр баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG