Ссылки доступа

Дар Қазоқистон замимаи мобилии интиқоли маблағ "аз корт ба корт"-ро назорат мекунанд (видео)


В Казахстане берут под контроль мобильные платежи "с карты на карту": как это будет
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:53 0:00

В Казахстане берут под контроль мобильные платежи "с карты на карту": как это будет

Порлумони Қазоқистон қонунеро қабул кард, ки бар асоси он интиқоли онлайнии маблағҳои шаҳрвандон зери назорат гирифта ва андоз ситонида мешавад.

Айни замон пардохти онлайнӣ миёни қазоқистониҳо зиёд истифода мешавад: дар мағозаҳо, таксиҳо, толорҳои ороишӣ. Аммо мақомот мегӯянд, бархе аз тоҷирон ба ин тартиб даромади воқеии худро пинҳон мекунанд. Пардохти "аз корт ба корт" сабт намегардад ва боиси сардаргумии нозирони андоз мешавад. Соҳибкорон дар Қазоқистон гуфтанд, ин қонун боис мешавад, ки онҳо мол ва хизматрасонии худро гарон кунанд.

Ба гуфтаи соҳибкорон, ин қонун ҳамчунин боис мешавад, ки бисёре аз соҳибкорон ба пардохти нақдӣ гузаранд.

Агар қонуни нав то охири моҳи декабр аз сӯи президенти Қазоқистон имзо шавад, тартиботи нав низ барои соҳибкорон аз соли нав ба иҷро медарояд.

Иқтисодшиноси қазоқистонӣ Арман Бейсембоев мегӯяд, андозситонӣ аз замимаҳои мобилӣ тасмим дуруст аст. "Аз 30 то 50 дарсади ҳамаи иқтисодӣ мо дар минтақаи "сиёҳ" аст. Ин одамоне ҳастанд, ки андоз насупоридаанд ва андоз супориданӣ нестанд. Онҳоро бояд аз соя берун овард. Ҳоло мо дар буҷа камомади давомдор дорем. Як сабабаш ҳамон одамоне ҳастанд, ки як тин ҳам андоз намепардозанд. Аммо даромад доранд, даромади хуб", - гуфт Бейсембоев.

Как Казахстан стал криптодержавой и почему власти решили ограничить майнеров
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:36 0:00

XS
SM
MD
LG