Ссылки доступа

Москва талаб кард, қисме аз кормандони сафорати ИМА Русияро тарк кунанд


Мақомоти Русия талаб карданд, то рӯзи 31 январи соли 2022 кормандони сафорати ИМА, ки бештар аз 3 сол дар Москва буданд, Русияро тарк кунанд.

Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод.

Тасмими Москва посух ба қарори Вашингтон унвон шудааст, ки муҳлати будубоши дипломатҳои Русияро дар ИМА маҳдуд кард.

Захарова гуфт, ин интихоби Русия нест - "бозирои ИМА шуруъ кардааст".

Пештар Вашингтон талаб кард, ки то рӯзи 30 январи соли 2022 27 дипломати Русия ИМА-ро тарк кунанд.

Сафорати ИМА дар Москва ин қазияро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Дар соли 2020 Департаменти давлатии ИМА ба таври якҷониба муҳлати будубоши кормнадони сафорати Русияро дар Вашингтон ва консулгариҳои Русия дар Ню-Йорку Хюстон 3 сол муқаррар кард.

XS
SM
MD
LG