Ссылки доступа

Дар Қазоқистон қатъи истихроҷи ангишт дар шахтаи "Кузембоев"-ро талаб доранд


Департаменти бехатарии саноати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон дар вилояти Қарағанда талаб кардааст, ки истихроҷи ангишт дар шахтаи ба номи Кузембоев қатъ карда шавад.

Ин яке аз ҳашт шахте мебошад, ки ба миллиардер Миттал дар минтақа тааллуқ дорад. Пештар дар шахтаи дигари ӯ - "Абай" чандин кас ҷон бохта буд.

Департамент мегӯяд, дар кори шахта қоидавайронкуниҳоеро ошкор кардааст, ки ба саломатӣ ва ҷони кормандон хатар дорад.

"Агар кор ба ҳамин шакл идома ёбад, ё ҳодисаи нохуш ва ё садамае рух хоҳад дод", - омадааст дар иттилоияи департамент.

Ҷамъан дар шахтаи Кузембоев ҳашт нуқта ошкор карда шудааст, ки ба иддаои департамент, ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

XS
SM
MD
LG