Ссылки доступа

Сафири Афғонистон "не"-и СММ-ро "оғози поёни ҳукумати Толибон" донист (видео)


Гурӯҳе аз паноҳандагон ва сафиру мансабдорони ҳукумати барканоршудаи Афғонистон дар Тоҷикистон аз тасмими надодани курсии Кобул ба Толибон дар Созмони Милали Муттаҳид ситоиш карданд.

Нишаст рӯзи 2-юми декабр дар Душанбе баргузор шуд.

Муҳаммад Заҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе, тасмими Созмони Милалро таърихӣ номид: "Ба ин бовар ҳастем, ки оғози шикасти Толибон аз ҳамин рӯзи таърихӣ шуруъ шуда. Мо як бори дигар аз тамоми ҳамкорон дар намояндагиҳои сиёсии Афғонистон ташаккур мекунем. Агар садое ҳам накашиданд, ақаллан парчами серанги Афғонистонро дар намояндагиҳои худ боло нигоҳ доштанд."

Сафири ҳукумати пешини Афғонистон аз посух додан ба суоли он ки шуморе аз паноҳандаггони афғонро аз Тоҷикистон ба Афғонистон бозпас фиристодаанд, худдорӣ кард. Ӯ гуфт: "Масоили баъдӣ шуда метавонад, ки як рӯзи дигар суҳбат кунем, салому алайкум."

Ҷаноби Ағбар дар робита ба даъвати СММ аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон, ки марзҳои худро барои паноҳандагон боз ва аз ихроҷи онҳо бозпас ба Афғонистон худдорӣ кунанд, чунин посух дод: "Ин тасмимгирии кишварҳост ва дар он кадом тарҳи мушаххас ва назари мушаххасе надорам."

Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон як рӯз пеш аз он ибрози нигаронӣ кард, ки бозпас фиристодани афғонҳо аз Покистону Эрон ва Тоҷикистон пас аз тасарруфи Толибон "афзоиш ёфтааст". Он аз мақомоти ҳамаи кишварҳо даъват кардааст, ки депорти паноҳҷӯёни афғонистониро бас кунанд.

XS
SM
MD
LG