Ссылки доступа

Дар Узбекистон ҷазо барои фасодкориро сангинтар мекунанд


Оҷонси мубориза бо коррупсияи Узбекистон лоиҳаи қонунеро ба палатаи қонунгузори ин кишвар пешниҳод кардааст, ки сахттар кардани ҷазо барои фасодкориро пешбинӣ мекунад.

Раиси оҷонс Акмал Бурҳонов 2 декабр дар ин бора хабар дода, гуфт, дар лоиҳаи қонун мафҳуми "ҷинояти коррупсионӣ" муайян карда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ба он 15 навъи ҷинояткорӣ шомил мешавад.

Дар лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст, ки гумонбар барои дуздӣ тариқи азхудкунӣ ё исрофкорӣ ва қаллобӣ аз роҳи сӯистифода аз мақом ба муҳлати то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад. Қонуни амалкунанда барои ин навъи ҷиноятҳо то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Ҳамчунин барои гирифтан ё додани ришва, миёнаравӣ дар ришвахорӣ то 20 соли зиндон пешбинӣ гаштааст.

Тибқи лоиҳаи қонун, шахсоне, ки бо ҷиноятҳои марбут ба ришвахорӣ зиндонӣ шудаанд, пеш аз муҳлат шартан озод намешаванд ва ҷазои онҳо низ сабуктар карда нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG