Ссылки доступа

Вазорати дифои Қазоқистон бо техникаҳои пахши эътирозҳо муҷаҳҳаз мешавад


Раёсати пулиси ҳарбии Вазорати дифои Қазоқистон лоиҳаи фармон "Дар бораи тасдиқи номгӯйи техникаҳои махсуси истифодашаванда аз сӯи Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар"-ро таҳия кардааст.

Лоиҳа, ки аз 15 банд иборат аст, дар сомонаи Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Қазоқистон нашр шуда, то 21 декабри соли равон мавриди баррасии ом қарор хоҳад гирифт.

Дар рӯйхат номи техникаҳое аз қабили сипар, завлонаи оҳанин, навъҳои гуногуни зиреҳ, норинҷакҳои садоӣ, абзор барои иҷборан боз доштани нақлиёт, баландгӯяк, сагҳои хидматӣ ва гази ашковар оварда шудааст, ки одатан барои пахш ё пароканда кардани эътирозҳо истифода мешаванд.

"Зидди санади мазкур! Абзор барои иҷборан боз доштани нақлиёт? Артиш бояд бо душмани хориҷӣ мубориза барад, на бо мардум!". - навиштааст корбари шабакаи иҷтимоӣ Марина Серебренникова дар зери хабар.

Тибқи санаде, ки вазири дифои Қазоқистон Мурод Бектанов имзо кардааст, фармон баъди даҳ рӯзи нашри расмияш ба иҷро хоҳад даромад.

XS
SM
MD
LG