Ссылки доступа

Занозании муҳоҷирони қирғиз ва узбек дар Москва


Як гуруҳи муҳоҷирони корӣ аз Қирғизистон ва Узбекистон дар ноҳияи Басмани Москва занозанӣ кардаанд.

Ба навиштаи "Коммерсант", ҳодиса 2 декабр дар кӯчаи ба номи Машкова рух додааст. Пулис як рӯз баъд аз занозанӣ 11 нафар - 7 шаҳрванди Қирғизистон ва 4 сокини Узбекистонро дастгир кардааст. Дар натиҷаи занозанӣ се кас осеб дидаанд.

"Зидди гумонбарон бо банди майдаавбошӣ санад тартиб дода шудааст. Санҷиши пешакӣ идома дорад", - навиштааст "Коммерсант".

Канали телеграмии "Mash" иттилоъ додааст, ки зидди муҳоҷирон сокинони маҳаллӣ шикоят кардаанд. Занозанӣ ба хотири барф рух додааст.

"Як гуруҳи муҳоҷирон саҳни бино ва гуруҳи дигар бомро аз барф тоза мекарданд. Дар натиҷа миёни онҳо низоъ бархост", - омадааст дар иттилоия.

XS
SM
MD
LG